воскресенье, 21 июня 2015 г.

Торт бо ананас




Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима барои бисквит:

Тухм 6 дона
Шакар 2 пиёла
Об 1 пиела
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Орд  1,5 - 2 стакан

Крем:
1 пачка равғани маска
1 қутти ширқиеми ҷушонида шуда
2 қутти йогурт

Инчунин ба мо лозим мешавад 1 бонка ананаси косервонидашуда

Тарзи тайёр намудан:

Зардии тухмро  аз  сафедиаш  ҷудо мекунем ,  ба зардии  тухм  об  ва як пиела шакарро  ҳамроҳ карда, бо миксер то сафедчатоб  шуданаш  лат мезанем.
Сафедии  тухмро  низ  бо  ҳамроҳии як пиела  шакар  ,бо  миксер  лат мезанем то ба мисли  қаймойқ  сахт  шуданаш.
Баъдан сафедии тухмро ба болои  зарди  рехта  орд  ва  хокаи нармкунанда  ҳамроҳ карда  боз бо  миксер  лат  мезанем.
Ба лаълии тафдон коғаз бурида мемонем ва  хамири  тайёр шудаамонро мерезем, ва  ба  тафдони  тасфидаи 150 дараҷа  то  пухтанаш мегузорем.

Крем:
Тарзи тайёр намудан:
1 пачка равҳани маскаро бо 1 қутти  ширқиёми ҷушонидашуда бо миксер лат мезанем,нисфи кремро гирифта дар як тараф мегузорем,ба боқимондааш 2 қутти йогурти бо таъми ананас ҳамроҳ карда бо лат мезанем.
Бисквити тайёршудаамонро мегузорем то хунук шавад баъдан гирифта аз байн мебурем ,оби банкаи ананаси консервонидаро гирифта ба болои бисквити буридаамон мепошем,крем мемолем., нисфи ананасҳои косервонидашударо мегузорем  қабати   болоиро -дуюмашро мегузорем. Болои тортро бо боқимондаи креме ки гузошта будем мемолем ,ва ананасҳои боқимондаро мечинем.





Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...