Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима : барои бисквит
Тухм 8 дона
Маргарин 1 пачка
Шакар 1 стакан
Шир 8 қошуқи калон
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Какао 1 пачка ё ин
ки 3 -4 қошуқи калон
Орд 4 -5 стакан
Тарзи тайёр намудан:
Маргарину шакарро бо миксер лат мезанем,якто якто
тухмҳоро андохта лат мезанем,баъдан шир,какао модаи ковоккунанда ва ордро
ҳамроҳ карда боз хуб лат мезанем. Нисфи хамирамонро дар қолаби тортпазӣ (28см) рехта ба тафдон мегузорем,дар ҳарорати
150 дараҷа 40 -45 дақиқа.Ин бисквитамон
ки пухт дигарашро ҳам ҳамин тавр пухта мегирем.
Крем №1
1 банка ширқиеми пухташуда
1 пиела чормағз.
Крем № 2
1 банка ширқиеми пухта шуда
1 қутти
қаймоқ 350 гр
Бисквитҳоямонро гирифта яктояшро аз байн мебурем,вай
бисквите,ки нобурида аст дар лаъли
мегузорем креми № 1 ро мемолем ҳамаашро
қабати дигари бисквии буридаамонро мегузорем
креми № 2 ро нисфашро мемолем боз
бискити дигарамонро мегузорем,боқимонда кремро ҳамаашро мемолем.Болояшро ман бо
чормағз ва глазур оро додам,шумо метавонед аз шоколади сникерс истифода баред.
Комментариев нет:
Отправить комментарий