пятница, 10 июля 2015 г.

Рулет *5 қошуқ*




Махсулоти лозима:
5 қошуқи калон шакар
5 қошуқи калон орд
5 қошуқи калон шири хушк.
3 дона тухм
1 қошуқи чойи  модаи ковоккунанда
Каме  намак

Тарзи тайёр намудан;
Бисмиллаҳ

Аввал  тафдонро  дар гиронед то ки гарм шавад,листи тафдонро равған молида ба тафдон гузоред , лист бояд гарм бошад.Гармии тафдон бояд 200    250  дараҷа бошад.
Акнун хамирамонро тайёр мекунем , тухмҳоро бо шакар лат мезанем  ,орд ,шири хуш,модаи ковоккунанда ,намакро низ ҳамроҳ карда хуб аралаш мекунем. Хамири мо омода шуд, аз тафдон листи гармро гирифта иез хамирамонро мерезем ва ба тафдон мегузорем ба муддати 5 дақиқа.

Баъд аз тафдон гирифтан рулетро ба болои  сачоқ гирифта ба мисли рулет мепечонем,ва ҳамин  тавр мегузорем то як соат истад.  Баъд аз  як соат гирифта  мекушоем , сачоқамонро мегирем ,крем молида боз мепечонем бо крем.  Ба болояш низ крем молида  бо таъби дил оро медиҳем.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...