понедельник, 28 ноября 2011 г.

Пироги осону арзону болаззат.

Маҳсулоти лозима:
Муррабо (кадом намуде ки бошад) 1 стакан
Сода 1 қошуқи чойи.
Кефир (чурғот) 1 стакан
Шакар 1 стакан
Тухм 2 дона
Орд 2 2,5 стакан

Тарзи тайёр кардан :
Мурраборо(аз ман муррабои аз нок тайёркардашуда буд) гирифта бо сода ҳамроҳ мекунем ва мегузорем то 2 3 дақиқа дам занад. Баъди дам заданаш ба он кефир,тухм,шакар ва ордро ҳамроҳ мекунем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем.Хамири тайёршударо ба қолаби равғанмолида мерезем.Ба тафдони 180 дараҷа гпрмшуда ба муддати 45- 60 дақиқа мегузорем.


воскресенье, 6 ноября 2011 г.

Рулет *5 дақиқа*

БисмилЛоҳи Раҳмони Раҳим.
Пеш аз  ҳама лаълии  тафдонро  равған молида ба даруни тафдони 200 дараҷа мегузорем.
Баъдан шуруъ мекунем ба  тайёр кардани хамир.
Маҳсулот:
Тухм   3 дона 
Шакар 4 қошуқи оши
Асал 2 қ.оши
1,5 қошуқча модаи мулоим кунанда (разрыхлитель)
1 стакан орд.
Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоямонро  якҷоя  карда  бо миксер  ё  ин ки бо лат занак  лат  мезанем.
Лаълиро  аз  тафдон бароварда хамири тайёршударо мерезем  ва ба  тафдон то сурхча  шуданаш мегузорем.Баъдан  аз  тафдон  бароварда мурабо мемолем  ва тоб  медиҳем.Ба  болояш хокаи шакар мепошем.


soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...