Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима:
Маргарин 100 гр
Тухм 5 дона
Об 1 стакон
Каме намак
Орд 1,5 стакан
Тарзи тайёр намудан:
Дар зарф об,каме
намак ва маргаринро меандозем ва ба болои алав мегузорем,мекобем ,ҳамин ки ҷуш омад ордро андохта тез ҳамаи маҳсулотҳоро
аралаш мекунем ки ба мисли хамир шавад, аз болои алаав мегирем ,мегузорем то ки
хунук шавад. Ҳамин ки хунук шуд тухмҳоро якто якто меандозем,аввал як тухмро
меандозем хуб аралаш мекунем ,дуюмашро меандозем аралаш мекунем ҳамин тавр
ҳамаи тухмҳоро. Хамири мо омода гашт. Листи тафдонро каме равған мемолем,бо
кошуки калон хамирро гирифта кам кам як кошуки мерезем ,каме аз якдигар дуртар
резед то вақти пухтан дам карда ба якдигар начаспанд. Ба тафдон мегузорем дар
ҳарорати 180 дараҷа то сурхча шуданашон.
Гирифта яз тафдон
мегузорем то хунук шавад. Ба дохилашон бо воситаи халтачаи кондитерӣ крем
мекунем ва болояшонро бо глазур оро медихем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий