понедельник, 28 ноября 2011 г.

Пироги осону арзону болаззат.

Маҳсулоти лозима:
Муррабо (кадом намуде ки бошад) 1 стакан
Сода 1 қошуқи чойи.
Кефир (чурғот) 1 стакан
Шакар 1 стакан
Тухм 2 дона
Орд 2 2,5 стакан

Тарзи тайёр кардан :
Мурраборо(аз ман муррабои аз нок тайёркардашуда буд) гирифта бо сода ҳамроҳ мекунем ва мегузорем то 2 3 дақиқа дам занад. Баъди дам заданаш ба он кефир,тухм,шакар ва ордро ҳамроҳ мекунем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем.Хамири тайёршударо ба қолаби равғанмолида мерезем.Ба тафдони 180 дараҷа гпрмшуда ба муддати 45- 60 дақиқа мегузорем.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...