Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима :
Тухм 3 дона
Маргарин 200
гр
Шакар 150 гр
Орд
Каме модаи ковоккунанда
Чормағз (куфта шуда) 1 стакан
Тарзи тайёр намудан:
Сафедии 2 тухмро гирифта як тараф мегузорем. Боқимонда
маҳсулотҳоро тухм,маргарин,шакар,модаи ковоккунанда ва ордро омехта карда хамир
мешурем.
Аз хамир ба мисли
чормағз кулула шакл 3 см диаметраш карда мегузорем. Сафедии тухмҳоро бо 50 гр шакар
лат мезанем, ҳар як кулулачаро ба сафедии тухм тар карда баъд ба чормағз меолонем .Ҳамин тавр ҳамаи
кулулачаҳоро мекунем ба лаълии тафдон мечинем ва дар ҳарорати 180 дараҷа
мепазем 30 дақиқа. Метавонед болои
печениҳоро бо глазур оро диҳед.
Комментариев нет:
Отправить комментарий