суббота, 9 ноября 2013 г.

Ширини (пирожное) * Белочка*



Бисмиллоҳ


Маҳсулоти лозима барои бисквит:
Тухм  5 дона
Шакар 1 стакан

Сметан 200гр
0,5 пачка модаи ковоккунанда
50 гр  маска ё маргарин

Барои  крем:
Равғани маска
Ширқиём

Тарзи тайёр намудан:
Ҳамаи маҳсулотҳоро  дар зарф  андохта бо миксер хуб лат мезанем.
Дар  листи тафдон ё ин , ки дар қолаб  бисквитамонро мерезем ва ба тафдон мегузорем дар ҳарорати 150 дараҷа ,то тайёр шуданаш.
Аз  тафдон бароварда мегузорем то хунук шавад, баъдан бо стакан даврашакл мебурем.Гирифта  як тараф мегузорем,боқимонда бисквитро нон майдаҳояшро бо даст майда реза мекунем барои ороиши ширини лозим мешаванд.  Баъдан  аз  байн ҳар як шириниамонро бурида крем мемолем ва мечаспонем ба ҳам.Гирди ҳар як шириниро низ  крем мемолем ва бо ва бо он мағзнонҳои боқимонда оро медиҳем.
Ман аз 2 намуд крем истифода бурдам,дохили шириниҳоро бо креми   аз равғани маска ва ширқиём тайёршуда молидам,болои онҳоро бошад  аз дигар крем,ки аз сафедии  тухм ва шакар буд истифода бурдам,шумо бошад дилхоҳ креми дустдоштаатонро метавонед истифода баред.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...