среда, 9 июля 2014 г.

Торт ˝Панчо˝




Маҳсулоти лозима барои бисквит:


Тухм - 6 дона

Шакар -9 қошуқи оши

Модаи ковоккунанда - ним пачка

Орд   -1,5  стакан


Барои крем:


Қаймоқ  - 2 қутти  (400 мл)

Хокаи шакар ним пиёла

Ширқиём -1 қутти

Аз руи  хоҳиш ванилин


Барои глазур:


5 қошуқи калон-  шир

2       қошуқи калон- какао

2       қошуқи калон -шакар.



Инчунин ба мо 1 дона банан лозим мешавад


Бисмиллоҳ


Тарзи тайёр намудан, бисквит:


Тухмҳоро муддати 5-  10 дақиқа бо миксер лат мезанем,то каф кардан ва ранги сафед пайдо шуданаш. Баъдан шакарро оҳиста оҳиста илова карда лат задан мегирем.Ордро бо модаи ковоккунанда ҳамроҳ карда ба болои тухмҳои латзада илова кардан мегирем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб лат мезанем.Хамири тайёршудаамонро ба қолаби тортпазӣ рехта ба тафдон дар дараҷаи 150- 180  градус мегузорем то сурхчатоб шудани бисквит,тақрибан  40 -50 дақиқа. Аз тафдон  гирифта мегузорем то , ки бисвити тайёршудаамон хунук шавад. То хунук шудани бисквит мо креми тортро омода месозем.


Тарзи тайёр намудани крем:


Сараввал қамоқро бо хокаи шакар лат мезанем баъдан ширқиёмро ҳамроҳ карда хамаи маҳсулотҳоро хуб аралаш мекунем. Метавонед барои лат задан  аз миксер истифода баред,инчунин метавонед бо даст ба воситаи қошуқ лат занед.

Бисквити хунукшударо гирифта қисми поёнашро борик бурида мегирем,боқимонда  қисми калонашро бо шакли чоркунҷа ҳаҷман хурд реза мекунем. Қисми борик бурида гирифтагиамонро ба лаъли мегузорем,  бананро ба шакли даврашакл реза карда ба болояш мечинем,баъдан қисмҳое,ки чоркунҷа реза карда будем якто якто гирифта ба крем тар карда, ғутонида ба болои бисвити дар лаъли будаги мегузорем,ҳамин тавр ҳамаи нон пораҳои чоркунҷа реза кардаамонро крем карда ба шакли куҳ мегузорем.

Аз болояш бо глазур оро медиҳем.


Тарзи тайёр намудани глазур:


Шакарро бо какао аралаш карда ширро ҳамроҳ мекунем,баъдан ба болои алави паст мегузорем, то ҷуш омаданаш мекобем.

Торти мо омода гашт, иштиҳои том.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...