Бисмиллаҳ
Маҳсулоти
лозима:
Орд 2,5 стакан
Шакар 1,5 стакан
Равғани растанӣ
0,5 стакан
Тухм 5 дона
Оби газдор 1стакан
Модаи ковоккунанда
2 қошуқи чойи
Ванилин 1 пачка
Какао 3 қошуқи оши
Тарзи тайёр намудан:
Сафедии тухмҳоро то кафи ғафс шуданаш лат мезанем,шакар
ва зардиҳоро ҳамроҳ мекунем.Баъдан дигар маҳсулотҳоро низ ҳамроҳ мекунем: равған,оби газдор,модаи ковоккунанда ва
ордро.Ҳамаи маҳсулотҳо хуб омехта карда хамир мекунем.Хамирамон бояд ба мисли
хамири бисквит бошад. Хамирро ба 2 қисм ҷудо мекунем ба як қисмаш какао ҳамроҳ мекунем.Ба қолаб каме равған
мемолем,аввал хамири сиёҳ баъд ба болояш сафедро мерезем.Ба тафдон дар
ҳарорати 180 дараҷа гузошта мепазем
муддати 50 дақиқа.Баъди пухтанаш,метавонед ба болояш хокаи шакар пошед.
Комментариев нет:
Отправить комментарий