суббота, 22 октября 2011 г.

Маффинҳо бо порчаҳои шоколад

Маҳсулоти лозима:
200 гр шоколад
3 дона тухм
100 гр маска ё ин ки маргарин
100 гр шакар
2 қошуқи чойи модаи ковоккунак (ба истило разрыхлитель)

Тарзи тайёр кардан:
Шоколадро майда мекунем. Маска ё маргарини мулоим шударо (аз яхдон пештар баровардан лозим) бо шакар омехта мекунем, баъдан тухм ва порчаҳои шоколадро ҳамроҳ мекунем.Модаи ковоккунакро низ ҳамроз мекунем ва хамир мешурем.Ба қолабчаҳо тақсим мекунем мекунем хамирро ва ба тафдон мегузорем ба ҳарорати 180 дараҷа.


среда, 19 октября 2011 г.

Торт

 Бисмиллоҳ
Бисквити дустоштаатонро  тайёр  намуда  онро  ба 2  қисм ҷудо кунед ва ба он крем бимолед.

Крем:
Қаймоқ ё сметана  як қутича бо ним стакан  шакар лат занед,агар хоҳед метавонед боз каме  шири  қиёмшуда (сгуш.молоко) ҳамроҳ кунед.
Болои тортро бо шоколади  аз турбтарошак  гузаронда оро диҳед.
Иштиҳои том.






Хуриш ”Осонак,,.



Маҳсулоти лозима:
Барои  2 3  нафар
Картошка  2-3 дона
Сабзи  2 дона
Лаблабу  2 дона
Тухм  2-3 дона
Майонез
Намак

Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоро дар об ҷушонида мепазем.Баъдан  сабзавотҳоро аз  пӯсташон  ҷудо  карда, чоркунҷа реза мекунем. Ба табоқча аввал дар қисми аввал  картошка мечинем каме намак мепошем,майонез мемолем,баъдан дар қабати дуюм сазиро мечинем  боз майонез  мемолем,лаблабуро мечинем  майонез мемолнм  ва  дар болояш  тухми майда  кардаро мемонем.

вторник, 18 октября 2011 г.

Хуриши мевагӣ

 Бисмиллоҳ
махсулоташ барои 2 нафар
*себ-1
*нок-1
*банан-1
*киви-1
*Йогурт-80-100гр

Хамаи махсулотхоро чоркунчашакл реза мекунем баъдан ба он йогурт хамрох мекунем ва дар охир хуриши худро бо мевахо оро медихем.Инчунин метавонед  аз дигар меваҳои дилхоҳи худ истифода баред.

Иштиҳои том.

Хуриши *Офтобак*


Маҳсулоти лозима:

Картошка (дар об пухта шуда) - 3 дона
Сабзӣ 3 -4 дона
Тухм -3 дона
Картошка -1 дона (дар равған сурх карда шуда, барои ороиши хуриш)
Майонез
Намак
Ҳасиб ё гӯшти пухта шуда 100 - 150 гр

Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоро чоркунҷа майда мекунем,ғайр аз зардии тухм.
Баъдан қабат ба қабат маҳсулотҳоро мегузорем : картошка майонез,сабзӣ майонез,ҳасиб майонез, сафедии тухм майонез, баъдан зардии тухмро майда мекунем ва ба болои хуриш мепошем. Сипас бо картошкаи дар равған сурхкарда оро медиҳем.

Хуриш *Баҳор*








Хуриш  *Баҳор*

Маҳсулот:
Бодиринг 4 дона
Помидор 4 дона
Ҳасиб   150 гр
Майонез
Каме кабуди
Картошкаи пухташуда  3 дона
Тухм 4 дона

Тарзи тайёр кардан :
Ҳамаи маҳсулотро ба тарзи чоркунҷа реза мекунем.
Сипас  қабат ба қабат мегузорем  ба ин тарз :  аввал  картошка майонез,бодиринг  , тухм ,ҳасиб, помидор  ва дар болои хуриш  майонез мекунем. Ва бо кабуди оро  медиҳем.
Хуриш  *Идея*

Маҳсулот:
Луби сурх  100  гр
Пиёз  1 дона
Карам   (капуст)   200 гр
Лаблабу 2 -3 дона
Картошка 2 дона
Намак
Майонез.
Равғани растанӣ.
Лубиро ва лаблабуро  дар  об мепазем.Пиёзро чоркунҷа реза карда дар равған  меандозем,баъдан карамро борик реза карда ба пиёзи дар равған буда ҳамроҳ мекунем  каме намак мепошем ва то пажмурда шуданашон. Аз  болои  алав мегирем ва мегузорем то хунук шавад.Картошкаро пуст карда майда дарозак реза мекунем ва дар равған сурх мекунем.Лаблабуи пухташударо низ пуст карда ба мисли картошка борики дарозак реза мекунем.Баъдан ҳамаи маҳсулотҳоро омехта мекунем.Хуриш тайёр шуд,метавонед боз ба он майонез ҳамроҳ кунед боз  бомазатар мешавад.

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...