Маҳсулоти лозима:
Картошка (дар об пухта шуда) - 3 дона
Сабзӣ 3 -4 дона
Тухм -3 дона
Картошка -1 дона (дар равған сурх карда шуда, барои ороиши хуриш)
Майонез
Намак
Ҳасиб ё гӯшти пухта шуда 100 - 150 гр
Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоро чоркунҷа майда мекунем,ғайр аз зардии тухм.
Баъдан қабат ба қабат маҳсулотҳоро мегузорем : картошка майонез,сабзӣ майонез,ҳасиб майонез, сафедии тухм майонез, баъдан зардии тухмро майда мекунем ва ба болои хуриш мепошем. Сипас бо картошкаи дар равған сурхкарда оро медиҳем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий