Хуриш *Идея*
Маҳсулот:
Луби сурх 100 гр
Пиёз 1 дона
Карам (капуст) 200 гр
Лаблабу 2 -3 дона
Картошка 2 дона
Намак
Майонез.
Равғани растанӣ.
Лубиро ва лаблабуро дар об мепазем.Пиёзро чоркунҷа реза карда дар равған меандозем,баъдан карамро борик реза карда ба пиёзи дар равған буда ҳамроҳ мекунем каме намак мепошем ва то пажмурда шуданашон. Аз болои алав мегирем ва мегузорем то хунук шавад.Картошкаро пуст карда майда дарозак реза мекунем ва дар равған сурх мекунем.Лаблабуи пухташударо низ пуст карда ба мисли картошка борики дарозак реза мекунем.Баъдан ҳамаи маҳсулотҳоро омехта мекунем.Хуриш тайёр шуд,метавонед боз ба он майонез ҳамроҳ кунед боз бомазатар мешавад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий