Тарзи тайёр намудан:
Маҳсулот:
Барои бисквити сафед:
Тухм 4 дона
Шакар 1 стакан
Об ним пиёла
Хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чои
Орд
Барои бисквити шоколадӣ:
Тухм 4 дона
Шакар 1 стакан
Об ним пиёла
Хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чои
Орд
Какао 3 қошуқчаи чои.
Крем:
Як қути маска 250 гр
Як қути ширқиём
Ним қути ширқиёми пуштагӣ
Тарзи тайёр намудан:
Зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо мекунем , ба зардии тухм об ва ним стакон обро ҳамроҳ карда, бо миксер то сафедчатоб шуданаш лат мезанем.
Сафедии тухмро низ бо ҳамроҳии ним стакон шакар ,бо миксер лат мезанем то ба мисли қаймойқ сахт шуданаш.
Баъдан сафедии тухмро ба болои зарди рехта орд ва хокаи нармкунанда ҳамроҳ карда боз бо миксер лат мезанем.
Қолабамонро каме равған молида хамири тайёр шудаамонро мерезем, ва ба тафдони тасфидаи 150 дараҷа то пухтанаш мегузорем.
Ҳамин тарз бисквити шоколадиамонро низ тайёр мекунем.
Тарзи тайёр намудан крем :
Маскаро бо миксер якчанд дақиқа лат мезанем , то сафедча шуданаш,баъдан хокаи ванилин ва ширқимёҳоро ҳамроҳ карда боз лат задан мегирем.
Ба бисквитҳои тайёр шуда каме қандоб мепошем ва крем мемолем.
Торти мо тайёр,иштиҳои том.
Комментариев нет:
Отправить комментарий