пятница, 27 июня 2014 г.

Моҳи шарифи Рамазон муборак

Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Моҳи Рамазон мохест, ки Қуръон дар он (моҳ) фуруд оварда шуд, ки рахнамои мардум аст ва баёни рохи равшани хидоят ва чудо сохтани хак аз ботил аст". (Сураи Бақара: 185).




АССАЛОМ,ЭЙ  МОХИ ОЛИКИМАТ  РАМАЗОН,

АССАЛОМ,ЭЙ  МАНБАЪИ ЧУДУ КАРОМАТ, РАМАЗОН.
АССАЛОМ,ЭЙ  БОИСИ  ХАЙРУ САХОВАТ,  РАМАЗОН,
АССАЛОМ,ЭЙ  МОХИ  ПУРЛУТФУ  ШАРОФАТ, РАМАЗОН.
ШОДМОНИ ОВАРИ, ЭЙ МОХИ  БЕХАЧАТ, РАМАЗОН

ИНТИЗОРИ ТУ БУДЕМ.ЭЙ МАХИ  РАХМАТНАМО,
"ХАЙРА  МАКДАМ"-ХОКИ ПОЯАТ ЧАШМИ ЧОНРО ТУТИЁ.
АЗ  БАРОИ  УММАТОН  МЕРОСИ АЗ  ОН  МУСТАФО,
АЗ  КУДУМАТ  ОСИЁНРО  МАХФИРАТ  СОЗАД  ХУДО.
ЧУМЛА  ОЛАМРО НАМУДИ  ГАРКИ РАХМАТ, РАМАЗОН.

ШУКРИ  АЛЛОХ,ШОД   ШУД  АЗ  ОМАДИ ТУ ХОСУ  ОМ,
МУЪМИНОН  ГАШТАНД ДАР МАСЧИД ХАМА  СОХИБКИЁМ.
ХАМ  ХУЗУЪУ  ХАМ  ХУШУЪУ  ХАМ  ТИЛОВАТ  АЗ  КАЛОМ,
НЕЪМАТИ БИСЁР  МЕБАХШАНД  АНДАР  ВАКТИ   ШОМ.
НЕСТ МОХЕРО ДИГАР   ИН ХАЙРУ  ВУСЪАТ, РАМАЗОН.

ЭЙ  ТУРО БЕХАД  БУВАД  ИКРОМУ  ФАЙЗУ  ХОСИЯТ,
АВВАЛИ  ТУ  РАХМАТУ  МОБАЙН БОШАД  МАГФИРАТ.
ОХИРАТ  ОЗОДИ  ДУЗАХ  МЕШАВАД   СОХИБНИЯТ,
МОХИ  ДИГАР  НЕСТ  БА  ИН ГУНА  КУРБУ  МАНЗАЛАТ.
МАКДАМАТ БАР ЧАШМ, ЭЙ  МОХИ  САОДАТ, РАМАЗОН

ОФАРИДА  БАХРИ  ЧАННАТ  ХАШТ ДАР  ПАРВАРДИГОР,
ДОДА  АЗ  РАЙЁНУ  ЁКУТАШ  ШУЪОИ  БЕШУМОР.
ЭД  ДОРАМ  ИН  ХАДИС   АЗ  АХМАДИ  РАФРАФСАВОР;
"РУЗИ  МАХШАР  ВО  ШАВАД  МАХСУС  БОБИ  РУЗАДОР",
ЭЙ   МАХИ   ХАЙРИЯТИ  РУЗИ  КИЁМАТ, РАМАЗОН.

2 комментария:

  1. Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
    Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
    Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
    Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
    Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
    Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
    Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
    Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
    Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
    То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
    Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
    Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.
    Раънои МУБОРИЗ

    ОтветитьУдалить

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...