пятница, 19 сентября 2014 г.

Ширини * Птифур*


БисмиЛлоҳ

Маҳсулот барои хамир:
300гр - орд
200 гр -маргарин
100 гр -шакар
3 зардии- тухм
2 қошуқи оши -какао
Аз маҳсулотҳои дар боло зикр шуда хамир мешурем ва мегузорем то каме дам занад.
То каме  дам задани хамирамон мо начинкаи шириниамонро тайёр мекунем.
Мо бояд сироп пазем барои ин ба мо лозим мешавад:

300 гр - шакар
125 мл- об
Ним қошуқи калон -уксус

Шакар об ва уксусро якҷоя карда дар болои алав мегузорем,то  ғафстар шуданаша бояд ҷушад.
Сафедии 3 тухмро  бо миксер лат мезанем,оҳиста  оҳиста сиропи пухтаамонро гармо - гарм  рехтан мегирем,  лат  задан мегирем.Аз руи хоҳиш метавонед соки   як лимуро низ ҳамроҳ кунед.
Ана  крем -безеи мо омода шуд.Шуруъ мекунем ба омодасозии хамирамон. Хамирамонро тунук мекунем,хело резонак  аст  натарсед )) Тунук карда хамирро бо стакон даврашакл бурида мегирем. Ба лаълии тафдон чинда мепазем дар ҳарорати 180- 200 дараҷа.Печениҳои пухташударо гирифта безе мемолем:печениро гирифта безе мемолем ба болояш боз печени мугузорем ана ҳамин тавр ҳамаашро. Мувофиқи хоҳиш оро медиҳем
Ширинии мо тайёр шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...