Бисмиллоҳ
6 зардии тухмро бо 1,5 стакан шакар,250 гр маргарини
мулоим ,1 қошуқи оши майонез,1 қошуқи чойи модаи ковоккунанда ва 3 стакан орд
аралаш карда хамир мешурем.Хамири шуридаамонро ба 3 қисм ҷудо карда ба муддати
ним соат ба яхдон мегузорем.
Дар ин муддат бошад безе
тайёр мекунем:
6 сафедии тухмро 5 дақиқа бо миксер лат мезанем,2 стакан
шакарро оҳиста оҳиста ҳамроҳ мекунем ва то тайёр шуданаш яъне то сахтак шуданаш
лат мезанем.
Ба лаълии тафдон равған молида 1 қисми хамирамонро
гирифта тунук мекунем ба болои лаълии тафдон.
Аз болои хамир безеи тайёр кардаамонро мемолем ва ба тафдон дар дараҷаи
паст мегузорем. Тақрибан 120 дараҷа.
Ҳамин тав 2 коржи дигарамонро низ пухта мегирем.
Крем: 250 гр
равғани масаро бо 1 қутти ширқиёми пухта аралаш мекунем.
Коржи якумамонро ба болои лаъли гузошта нисфи кремро мемолем каме чормағз мепошем. Аз
болояш коржи дуюмро гузошта боқимонда кремамонро мемолем чормағз мепошем.Коржи
сеюмамонро мегузорем ,болои коржи сеюм яъне коржи охиронамонро бо глазуру
чормағз оро медиҳем.Мегузорем то як шаб истад то ки кремро ҷабида гирад. Торти
мо омода гашт бо иштиҳои том.
Комментариев нет:
Отправить комментарий