Маҳсулоти лозима барои коржҳо:
Маргарин ё маска 200гр ( дар ҳарорати хона буда)
Сметана 1 стакан
Тухм 3 дона
Асал 2,5 қошуқи оши
Сода 1 қошуқчаи чои
Орд
Креми асосии ин торт 200 гр сметан ва 1 стакан шакар аст.
лекин ман креми дигар тайёр кардам .
Бисмиллаҳ
Тарзи тайёр намудан:
Асалро дар болои алави паст мегузорем содаро ҳамроҳ мекунем,мекобем мегузорем каме истад. Дар дигар зарф сметанро бо тухмҳо ҳамроҳ карда лат мезанем,маскаро низ ҳамроҳ мекунем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб аралаш мекунем. Аз болои алав асалро гирифта бо дигар маҳсулотҳоямон (сметану маска)ҳамроҳ мекунем орд кам кам илова карда хамир мешурем.Ба 8 9 қисм ҷудо мекунем ва ба яхдон мегузорем ба муддати 30 дақиқа. Якто якто аз яхдон гирифта тунук мекунем ва дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурхчатоб шуданаш мепазем.Ҳамин тарз ҳамаи корҳоро пухта мегирем крем мемолем мегузорем то 8 соат истад кремро ҷабида мулоим шавад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий