среда, 24 декабря 2014 г.

Пирожнӣ * Нигер тейсто*



Бисмиллаҳ

Маҳсулоти лозима барои хамир:

400 гр орд
200 гр шакар
6 дона зардии тухм
 3 қ.оши  какао
1 қошуқи чои модаи ковоккунанда
150 мл шир

Брои крем:

6 дона сафедии тухм
200 гр шакар
1 пачка ванилин

Тарзи тайёр намудан:  (хамир)

Шакару зардии тухмро бо миксер лат мезанем,ширро илова мекунем,баъдан орд модаи ковоккунанда ва какаоро низ ҳамроҳ  карда боз лат мезанем. Хамири мо бояд ба мисли хамири  бисквит бошад  сустакак. Хамири тайёршудаамонро ба лаълии тафдон мерезем ва дар ҳарорати 200 дараҷа ба муддати 15 20 дақиқа ба тафдон мегузорем.

Крем:

Сафедиҳои тухмро дар зарфи оҳани гинифта ба болои буғ мегузорем ва дар дараҷаи пасти миксер лат задан мегирем.Дар дуюм дақтқаи лат задан кам кам шакар ҳамроҳ кардан мегирем.Крем ки омода шуд мегузорем то хунук шавад.

Бисквити омодашудаамонро гирифта ба болояш креми тайёр кардаамонро мемолем. Болои пирожниро метавонед бо шоколад оро диҳед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...