Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима барои хамир :
Маргарин ё равғани
маска -250 гр
Сметана- 100 гр
Шакар 150 - 200 гр
Модаи ковоккунанда -1 пачка
Тухм- 3 дона
Орд
Тарзи тайёр намудан;
Аз маҳсулотҳои зикршудаи барои хамир буда, хамир
мешурем.Хамирамонро ба 5 қисм тақсим мекунем.Зуволачаҳоямонро тунук карда дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа
мепазем,ҳамин ки коржҳоямон пухтанд
сафедчатоб шуданд аз тафдон мегирем,ранги
коржҳоямон бояд сафедак бошад. Ҳамин
тавр ҳамаи 5 коржамонро пухта
мегирем.
Маҳсулоти лозима
барои крем:
Равғани маска -250 гр
Шир -2 стакан
Шакар -1,5 стакан
Ванилин - 1 пачка
Орд- 4
қошуқи калон
Тарзи тайёр кардан:
Ширу шакару ордро ҳамроҳ карда аралаш мекунем ба болои
алави паст мегузорем,то ҷуш омаданаҳ ва ғафс
шуданаш мекобем.Тайёр ки шуд як тараф меҳузорем ,то ки хунук шавад.
Маскаро бо миксер лат мезанем то сафедчатоб
шуданашВанилин ҳамроҳ мекунем.Баъдан атолаи пухтаамонро (хунук шударо) ба
болояш рехта ҳамаи маҳсулотҳоямонро хуб омехта мекунем.
Коржҳоямонро гирифта крем мемолем.Болои тортамонро бошад
бо хокаи какос оро медиҳем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий