вторник, 7 апреля 2015 г.

Торт * Накҳат*



Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима барои хамир:
1 стакан- сметана
1 пиёла -шакар
1 дона -модаи ковоккунанда
100 гр -равғани маска ё маргарин (дар ҳарорати хона буда)
6 дона -тухм
Орд
Барои  крем  1 қутти равғани маска  1 дона ширқиём
Инчунин  1 дона себ,
1 дона- банан
2 дона -киви
1 дона- афлесун
Тарзи таёр намудан:
Тухмҳо  сметана ва шакарро  бо миксер лат мезанем маскаро  ҳамроҳ мекунем ва боз хуб аралаш мекунем,орд ва модаи ковоккунандаро низ ҳамроҳ мекунем ,лат мезанем.
Хамири бискити тайёршудаамонро ба лаълии  тафдон рехта мепазем. Ман  дар  лаълии  тафдон  ҳамаи хамири бисквитро рехта  пухта  гтртфтам,аз байн ду  тақсим кардам крем молида болои ҳам гузоштам. Агар шумо хоҳед метавонед дар қолаби торт пази ду корж пухта  гиред, яъне хамиратонро 2  тақсим кунед.
Баъде,ки  коржҳоро крем молидам,бо мева оро  додам,дар қабати коржҳо себ  гузоштам,дигар меваҳоро  дар  болои торт истифода бурдам.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...