Бисмиллаҳ
Маҳсулоти лозима:
Сметана 100 гр
Ҷурғот 100 гр
Тухм 5 дона
Фалла 150 гр
Шоколад 150 гр
Шакар 1 стакан
МОдаи ковоккунанда 1 пачка
Орд
Ин чунин хокаи шакар барои ороиши пирог
Тарзи тайёр намудан:
Тухмҳоро бо шакар сараввал бо миксер лат мезанем,ҷурғоту сметанро низ ҳамроҳ мекунем аралаш мекунем.Шоколадро бо корд реза мекунем.Ба болои дигар маҳсулотҳямон шоколаду фаларро низ ҳамроҳ мекунем.Ордро бо модаи ковоккунанда низ ҳамроҳ карда хамир мекунем.Хамирамон бояд аз хамири бисквит каме сахтар бошад.Ба лаълии тафдон каме равған молида хамирамонро тунук мекунем.Ман дар лаълии тафдон аз 4 3 ҳиссаашро рехта тунук кардам 1 ҳиссаи дигарашро алоҳида дар қолаби торт пухтам.
Дар тафдон мегузорем дар ҳарорати 160 дараҷа.Баъд аз пухтанаш ба болояш хокаи шакар мепошем,пироги мо омода гашт.
Комментариев нет:
Отправить комментарий