воскресенье, 7 июля 2013 г.
суббота, 23 марта 2013 г.
Пирог “Мавзун”
Махсулоти лозима:
Тухм- 3 дона
Шакар- 1 стакан
Қаймойқ - 3 қошуқи калон
Модаи ковоккунанда - 1 пачка
Маргарин 100 гр
Какао 1 кошуки калон
Орд
Тарзи тайёр кардан:
Тухму шакарро каме лат мезанем,баъдан қаймоқро бо
модаи ковоккунанда ҳамроҳ карда хуб аралаш мекунем,орд ҳамроҳ карда хамир мешурем.Хамирамон бояд ба
мисли хамири печени бошад.Сипас ба лаълии тафдон каме равған молида,хамирамонро
дар дохилаш тунук мекунем, ба тафдон мегузорем,дар ҳарорати 180 дараҷа,то пухта
шуданаш.Баъди пухта шуданаш метавонед ба
руяш мурабо молед.Ман бошам ба руяш креми
аз торт боқи мондаамро молидам ва
каме чормағзи аз турбтарошак гузарондам.
Пирог Санкт- Петербург
Маҳсулоти лозима:
Ҷугғот 1 стакан
Равғани растанӣ 1
стакан
Шакар 1 стакан
Асал 1 қ.ошӣ
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Ванилин 1 пачка
Тухм 3 дона
Орд
Мураббо
Тарзи тайёр
намудан:
Аз маҳсулотҳои
дар боло зикр шуда хамир тайёр
мекунем,хамиамон бояд аз хамири бисквит камтар сахтар бошад. Лаълии
тафдонро равған молида хамирамонро камтарашро гирифта дар як тараф мегузорем,боқимондаашро ба
лаълии тафдон тунук мекунем ба болояш мураббо мемолем,боқимонда хамирро ба
болои мураббо тунук мекунем.Ба тафдони
150 дараҷа гарм мугузорем , то пухта зардчатоб шуданаш.
суббота, 4 февраля 2012 г.
Хуриши олмонӣ
Маҳсулоти лозима: (барои 2 3 нафар)
Картошка 4 дона
Бодиринги намакин (селеные) 3 дона
Пиёз 1 дона
Майонез,намак
Сабзии пухтаги 1 дона
Тарзи тайёр кардан :
Картошкаро тоза карда бо тарзи доира шакл яъне даврашакл бурида дар равған мепазем. Бодирингро низ даврашакл бурида бо картошка ҳамроҳ мекунем,инчунин сабзии пухташударо ба тарзи ним давра мебурем ва ба дигар маҳсулотҳоямон омехта мекунем. Пиёзро тоза карда борик реза мекунем.Ҳамаи маҳсулотҳои реза кардашударо хуб аралаш карда намак ва майонез мекунем. Хуриш тайёр шуд
Иштиҳои соф.
Картошка 4 дона
Бодиринги намакин (селеные) 3 дона
Пиёз 1 дона
Майонез,намак
Сабзии пухтаги 1 дона
Тарзи тайёр кардан :
Картошкаро тоза карда бо тарзи доира шакл яъне даврашакл бурида дар равған мепазем. Бодирингро низ даврашакл бурида бо картошка ҳамроҳ мекунем,инчунин сабзии пухташударо ба тарзи ним давра мебурем ва ба дигар маҳсулотҳоямон омехта мекунем. Пиёзро тоза карда борик реза мекунем.Ҳамаи маҳсулотҳои реза кардашударо хуб аралаш карда намак ва майонез мекунем. Хуриш тайёр шуд
Иштиҳои соф.
воскресенье, 18 декабря 2011 г.
Торт Original
Тарзи тайёр намудан:
Маҳсулот:
Барои бисквити сафед:
Тухм 4 дона
Шакар 1 стакан
Об ним пиёла
Хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чои
Орд
Барои бисквити шоколадӣ:
Тухм 4 дона
Шакар 1 стакан
Об ним пиёла
Хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чои
Орд
Какао 3 қошуқчаи чои.
Крем:
Як қути маска 250 гр
Як қути ширқиём
Ним қути ширқиёми пуштагӣ
Тарзи тайёр намудан:
Зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо мекунем , ба зардии тухм об ва ним стакон обро ҳамроҳ карда, бо миксер то сафедчатоб шуданаш лат мезанем.
Сафедии тухмро низ бо ҳамроҳии ним стакон шакар ,бо миксер лат мезанем то ба мисли қаймойқ сахт шуданаш.
Баъдан сафедии тухмро ба болои зарди рехта орд ва хокаи нармкунанда ҳамроҳ карда боз бо миксер лат мезанем.
Қолабамонро каме равған молида хамири тайёр шудаамонро мерезем, ва ба тафдони тасфидаи 150 дараҷа то пухтанаш мегузорем.
Ҳамин тарз бисквити шоколадиамонро низ тайёр мекунем.
Тарзи тайёр намудан крем :
Маскаро бо миксер якчанд дақиқа лат мезанем , то сафедча шуданаш,баъдан хокаи ванилин ва ширқимёҳоро ҳамроҳ карда боз лат задан мегирем.
Ба бисквитҳои тайёр шуда каме қандоб мепошем ва крем мемолем.
Торти мо тайёр,иштиҳои том.
понедельник, 28 ноября 2011 г.
Пироги осону арзону болаззат.
Маҳсулоти лозима:
Муррабо (кадом намуде ки бошад) 1 стакан
Сода 1 қошуқи чойи.
Кефир (чурғот) 1 стакан
Шакар 1 стакан
Тухм 2 дона
Орд 2 2,5 стакан
Тарзи тайёр кардан :
Мурраборо(аз ман муррабои аз нок тайёркардашуда буд) гирифта бо сода ҳамроҳ мекунем ва мегузорем то 2 3 дақиқа дам занад. Баъди дам заданаш ба он кефир,тухм,шакар ва ордро ҳамроҳ мекунем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем.Хамири тайёршударо ба қолаби равғанмолида мерезем.Ба тафдони 180 дараҷа гпрмшуда ба муддати 45- 60 дақиқа мегузорем.
Муррабо (кадом намуде ки бошад) 1 стакан
Сода 1 қошуқи чойи.
Кефир (чурғот) 1 стакан
Шакар 1 стакан
Тухм 2 дона
Орд 2 2,5 стакан
Тарзи тайёр кардан :
Мурраборо(аз ман муррабои аз нок тайёркардашуда буд) гирифта бо сода ҳамроҳ мекунем ва мегузорем то 2 3 дақиқа дам занад. Баъди дам заданаш ба он кефир,тухм,шакар ва ордро ҳамроҳ мекунем,ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем.Хамири тайёршударо ба қолаби равғанмолида мерезем.Ба тафдони 180 дараҷа гпрмшуда ба муддати 45- 60 дақиқа мегузорем.
воскресенье, 6 ноября 2011 г.
Рулет *5 дақиқа*
БисмилЛоҳи Раҳмони Раҳим.
Пеш аз ҳама лаълии тафдонро равған молида ба даруни тафдони 200 дараҷа мегузорем.
Баъдан шуруъ мекунем ба тайёр кардани хамир.
Маҳсулот:
Тухм 3 дона
Шакар 4 қошуқи оши
Асал 2 қ.оши
1,5 қошуқча модаи мулоим кунанда (разрыхлитель)
1 стакан орд.
Тарзи тайёр кардан:
Ҳамаи маҳсулотҳоямонро якҷоя карда бо миксер ё ин ки бо лат занак лат мезанем.
Лаълиро аз тафдон бароварда хамири тайёршударо мерезем ва ба тафдон то сурхча шуданаш мегузорем.Баъдан аз тафдон бароварда мурабо мемолем ва тоб медиҳем.Ба болояш хокаи шакар мепошем.
Подписаться на:
Сообщения (Atom)









