четверг, 19 февраля 2015 г.

Пирожнӣ * Орзу*




Маҳсулоти лозима барои бисквит:

Тухм  -3 дона
Шакар -150 гр
Равғани растанӣ - 100 мл
Шир -125 мл
Ванилин -1 қошуқи калон
Модаи ковоккунанда - 0,5 қошуқи калон
Орд  -250 гр

Барои  соус:

125 мл- шир
1 қошуқи калон - какао
Шакар -50 гр
Шоколад -50 гр

Тарзи тайёр намудани бисквит:
Бисмиллаҳ

Тухм,шакар ва ванилинро дар зарф  андохта бо миксер муддати 3 дақиқа лат мезанем.Баъдан шир,равған,модаи ковоккунанда ва ордро ҳамороҳ мекунем,то ҳамаи маҳсулот омехта шуданаш лат мезанем. Дар қолаби 1919 см хамири бисвитамонро мерезем.Дар ҳарорати 180 дараҷа  30 дақиқа мепазем.Аз  тафдон гирифта мегузорем то бисквитамон хунук шавад.

Соус:
Шир,шакар,какао ва шоколадро дар зарф  андохта  дар болои алави паст мегузорем,то ҷуш омаданаш.Мегузорем то каме хунук шавад.
Бисквити хунукшударо гирифта мебурем,16 кубик,чоркунҷа.
Ҳар чор тарафашро ба соус тар карда мегирем.Тарафи болояшро низ тар карда мегирем. Баъдан гирифта ба чормағзи куфта шуда пошидам,инчунин  шумо метавонед ба ҷои чормағз  аз хокаи кокос истифода баред.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...