четверг, 26 февраля 2015 г.

Пирожки




Маҳсулоти лозима  барои хамир:

Сметана- 3 қошуқи калон
Равғани растинӣ -4 -5 қошуқи калон
Намак
Дрожж  -1 қошуқи калон
Об  -1 пиёла
Тухм -1 дона

Тарзи тайёр намудан:
Бисмиллаҳ

Аз маҳсулотҳои дар боло зикршуда хамир мешурем,мегузорем то расад.
Дар ин вақт начинка тайёр мекунем. Ман 2 намуд тайёр намудам :

Начинка 1:
Дар тоба пиёз ва карамро сурх мекунем,намак мекунем,дар алави паст мегузорем то тайёр шуданаш.

Начинка 2:
Картошкаро тоза карда дар об пухта мегирем, чоркунҷа реза мекунем. Тухми обпазро низ чоркунҷа реза карда ба картошка ҳамроҳ мекунем.Каме кабудӣ ва намак ҳамроҳ карда аралаш мекунем.
Хамирамонро  гирифта  ба зуволачаҳо тақсим мекунем,тунук карда ба дохилаш начинка гузошта мепечонем.Дар лаълии тафдон пирожкиҳоямонро чида ба болояшон зардии тухм мемолем,кунҷит мепошем ва ба тафдон мегузорем ,дар ҳарорати 200 дараҷа.То сурхчатоб шуданашон.



Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...