Маҳсулоти лозима барои хамир:
Орд 400 500 гр
Равғани маска ё
маргарин 250 гр
Зардии
тухм 3 дона (сафедиаш барои начинка)
Шакар 1 стакан
Аз руи хоҳиш каме ванилин
Барои начинка:
Сафедии тухм 3 дона
Шакар 150 гр
Чормағзи куфташуда
150 гр
Тарзи таёр намудани
хамир:
Бисмиллаҳ
Маскаро бо орд ҳамроҳ карда баъдан шакару зардиҳои тухмро
ҳамроҳ мекунем ,хамир мешурем.Гирифта
хамири тайёршудаамонро ба яхдон мегузорем ба муддати 30 35
дақиқа.
То дам гирифтани хамирамон начинкаамонро омода
месозем.
Сафедиҳои тухмро бо
миксер то сафед шуданаш лат мезанем баъдан кам кам шакар илова карда лат задан
мегирем.Вақте,ки безеи мо омода шуд
чормағзро низ илова карда бо қошуқ хуб аралаш мекунем.
Хамирамонро аз яхдон
гирифта ба якчанд зуволачаҳо тақсим мекунем, баъдан
якто якто гирифта тунук мекунем,ба мисли рогалик. Тақрибан ғафсиаш 2,5мм бояд бошад.Ана ҳамин тавр мебурем.Ба дохилаш начинка
мегузорем ва ду тарафашро ба якдигар мечаспонем,аввал як тарафашро мечаспонем
баъдан тарафи дуюмашро ба болои инаш мечаспонем.Ба лаълии тафдон гузошта дар
ҳарорати 220 дараҷа пухта мегирем. Аз тафдон гирифта хокаи шакар
мепошем,печениҳои мо омода шуданд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий