понедельник, 12 мая 2014 г.

Торт “Хорпуштак”

Маҳсулоти лозима:
Барои бисквти сафед:
Тухм  6 дона
Шакар 1,5 стакан
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Орд то ҳадди лозима
Какао 3 қошуқи  оши (барои бисквити сиёҳ)


Барои крем:
2 дона ширқиём
400 гр равғани маска

 БисмиЛлаh

Тарзи тайёр намудан:
Тухмҳоро бо миксер лат мезанем,то хаф  карданашон баъдан шакарро ҳамроҳ карда боз  давом медиҳем лат заданро.Сипас модаи ковоккунанда ва ордро низ  ҳамроҳ мекунем ва хуб лат мезанем. Хамири  тайёр шудаамонро ба  қолаб рехта ба тафдон мегузорем дар ҳарорати 150  160 дарача. Ҳаҷми қолаби ман 28 см аст. Вақте,ки  бисквити мо сурхчатоб  шуд онро  аз  тафдон  мегирем,аз  қолаб ҷудо карда  мегузорем то хунук  шавад.
Бисквити сиёҳро низ ана  ба ҳамин тарз  ва ана  аз ҳамин  гуна  маҳсулотҳо омода месозем бо иловаи  какао  барои рангаш.
Вақте,ки ҳардуи бисквитҳои мо омода гаштанд,ҳар  яки онро  аз  мобайнашон бо ришта мебурем,хоҳед метавонед аз  корд истифрда  баред  баҷои  ришта.Ҳами тавр 4 то корж мешавад  2 то сафед ва 2 то сиёҳ. Аз  мобайни  ин коржҳо нон пора  канда мегирем,каме  аз  сафед  каме  аз сиёҳ  барои  ороиши  торт.
Баъдан аз  об ва шакар сироп тайёр карда ба болои  коржҳоямон мепошем.
Коржҳоро крем молида болои ҳам мегузорем бо навбат 1 то сафед 1 то сиёҳ...
Вақте,ки ҳамаи коржҳоро крем молида  гузоштем ана  акнун  ба ороиши торт  шуруъ мекунем.Ҳамон нонрезаҳое,ки аз  байни коржҳо канда  гирифта  будем ба  болои торт мерошем,лекин пеш аз  пошидан дар мобайни торт пиёла мегузорем нонрезахои сиёҳро  мепошем,баъдан  пиёларо  гирифта  ба  ҷои пиёла  нонрезаҳои сафедро мепошем,  ё  ин  ки ба  дигар  тарзи дилхоҳи худ оро диҳед. Ман бошад  ҳар дафе ин  тортро  тайёр кунем ҳар гуна оро  медиҳам,дар расм метавонед бинед. Иштиҳои том.





Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...