Яке аз сабзавоте,ки хело дусташ медорам ин гулкарам аст. Барои шумо хонандагони азиз мехоҳам як намуди тарзи тайёр карданашро пешкаш намоям.
БисмиЛлоҳ
Барои мо лозим мешавад:
Гулкарам 1 кг
Тухм 2 дона
Равған барои бирён кардан
Намак
Гулкарамро шуста тоза карда ,ба шохчахо ҷудо мекунем,ҳаҷман он қадар хурд набошанд. Баъдан гирифта онҳоро дар оби камтар намак карда, ба муддати 8 10 дақиқа меҷушонем.Обашонро гирифта мерезеа ва мегузорем то каме хунук шаванд. Ба коса тухмҳоро шикаста каме намак карда аралаш мекунем .Дар тоба каме равған рехта ба болои алав мегузорем.Гулкарамҳоро якто якто гирифта ба тухм тар карда дар тоба бирён мекунем.
Иштихои том
Комментариев нет:
Отправить комментарий